Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмини хусусиятҳои сифатии функсионали ва бадеию эстетикии маркази шаҳри Душанбе дар асоси узван ба ҳам пайвастани нақшаҳои меъмории бино ва иншоотҳои нав бо сохтмони мавҷуда, ёдгориҳои меъморӣ, манзараҳои шаҳрсозӣ ва табиӣ, истифодаи анъанаҳои миллӣ ва тарзу усули иморатсозӣ, меъмориҳои манзаравӣ ва воситаҳои дигари меъморию бадеӣ, "Озмуни кушодбарои дарёфти беҳтарин лоиҳаи азнавсозии бинову иншоотҳои дар қисми марказии шаҳри Душанбе ҷойгиршуда" эълон менамояд.
1.    Шакли озмун
Озмун дар шакли кушод гузаронида мешавад.
2.    Мавзӯъ ва мавқеи озмун
Яке аз нишонаҳои пешравии давлат ин зебову обод гаштани шаҳрҳо ба ҳисоб меравад. Солҳои охир дар пойтахти мамлакат хело иншоотҳои нав сохта ба истифода дода шудаанд, ки дар ҳаёти ҳар шаҳрванди диёри азизамон хотираҳои хӯш боқӣ мегузорад.
Яке аз мавзеҳои шаҳр, ки таваҷҷуҳи хоссаро талаб менамояд, ин маркази шаҳри Душанбе мебошад. Зеро бисёре аз сохторхои роҳбарикунандаи ҷумҳуриамон ба монанди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси Олӣ, вазорату идораҳо, биноҳои истиқоматӣ, меҳмонхонаҳо ва ғайра  дар маркази пойтахт ҷойгир шуда, ҷойи серҳаракати сокинони пойтахт ва меҳмонон ба ҳисоб меравад.
Аз ин сабаб, ин қисми шаҳрро обод, зебову хуррам  ва тоза нигоҳ доштанамон зарур мебошад.
Бо бунёди иншоотҳои нав ба монанди Қасри Миллат, Китобхонаи Миллӣ, боғи ба номи Ӯстод А.Рӯдакӣ, Осорхонаи миллӣ, Маҷмааи Ваҳдати миллӣ бо муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомонӣ, Нишон ва Парчами давлатии Тоҷикистон, Маҷмааи Пойтахт-80, Маҷмааи Душанбе-Плаза ва ғайраҳо, кӯчаҳои маркази шаҳр дорои симои нав гаштанд.
Аз ин лиҳоз мақсад гузошта шуд, ки дар атрофи майдони "Дӯстӣ" азнавсозии биноҳои Почтаи марказӣ, Кохи "Ҷомӣ" ва Вазорати кишоварзии Ҷ.Т. аз нав дида баромада шаванд.
3.    Ташкилкунандаи озмун
Фармоишгар:
Ном: Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Суроға: ш. Душанбе, хиёбони профессор  Ш. Ҳусейнзода, 36.
Тел: 221-88-53
Факс: 223-02-00

Ташкилкунанда:
Ном: Раёсати сиёсат дар соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозии Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Суроға: ш. Душанбе, хиёбони профессор  Ш. Ҳусейнзода, 36.
Тел: 223-18-82
Котиби озмун: Маҳмадалиев Баҳром – Мудири бахши ташкилотҳои лоиҳакашии Раёсати сиёсат дар соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозии Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

4. Тақвими озмун
Озмун аз рӯзи аввали эълони он оғоз ёфта, рӯзи 15.09.2011соати 17:00 хотима меёбад.
Бақайдгирии иштирокчиёни озмӯн аз рӯзи эълони он то анҷомёбии он (15.09.2011) дар бинои Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хиёбони профессор  Ш. Ҳусейнзода, 36, ш.Душанбе баргузор мегардад.


Маводҳои озмунро бо пайвандҳои зерин метавонед дастрас кунед:


Миқдори мукофот ва шакли пардохт

1.Ҷойи якум - 14000 сомонӣ.
2.Ҷойи дуюм - 4000 сомонӣ.
3.Ҷойи сеюм - 2000 сомонӣ.


Мукофотҳо баъди эълони натиҷаҳои озмун дар муддати на дертар аз 30(си) рӯз ба ғолибон дар шакли пурра пардохт карда мешаванд.